Шумораи рекордии голҳо дар ду бозии нимниҳоии Чемпионати Осиё (U-19) ба қайд гирифта шуд
Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар вохӯрии нимниҳоии Чемпионати Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Баҳрайн бо ширкати дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ бо Эрон ва Ҷопон бо Ветнам шумораи рекордии голҳо (14) ба қайд гирифта шуд. Дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Эрон дар бозии инҳоят ҷолиб ба дарвозаи якдигар 11 тӯб заданд ва он бо ғалабаи футболбозони араб бо ҳисоби 6:5 ҷамъбаст шуд. Дар таърихи бозиҳои Чемпионати Осиё чунин натиҷа бори аввал аст. Умуман бозии футбол чунин натиҷаро хеле кам дар ёд дорад. Натиҷаи 6:5 бештар дар вохӯриҳое ба қайд гирифта мешавад, ки мусовӣ ҷамъбаст мегарданду баъдан барои муайян кардани ғолиб силсилаи зарбаҳои баъдибозӣ таъйин мешаванд. Аз 11 голи задашуда танҳо аввалинаш аз зарбаи пеналтӣ вориди дарвоза гардидаасту бас.
Абдураҳмон Алямӣ аз дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ дар ин вохӯрӣ муаллифи се гол гардид. Самӣ Алноҷӣ аз ҳамин даста ду голро ба нишон расонид.
Дар вохӯрии дуюм дастаи мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 3:0 дастаи мунтахаби Ветнамро ба мағлубият дучор кард. Накамура бо ду гол дар ин ғалабаи футболбозони ҷопонӣ саҳм гузошт. Ҷопониҳо, ки дар бозии чорякниҳоӣ бар дастаи мунтахаби Тоҷикистон пирӯз шуда буданд, акнун рӯзи якшанбе дар бозии ниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудиро имтиҳон мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






