Сиёсати давлатии ҷавонон аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамоиш таҳти унвони «Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷавонон: Ташаббуси созандаи Пешвои миллат» доир гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, доир ба такмил ёфтани он пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
«Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 июни соли 2015 дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсия Русия ҳангоми суханрониашон аз ҷавонони ҷаҳон пуштибонӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки яке аз солҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Соли ҷавонон» қабул гардад»,- гуфт Мавсума Муинӣ ва илова намуд, ки «дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳоди мазкур саривақтӣ буда, аз ҳар ҷиҳат боиси дастгирист. Ин иқдом дар самти такмилёбии сиёсати байлалмилалии чавонон, мубодилаи ҷаҳонбинии онҳо, аз худ намудани таҷриба, татбиқи ғояҳои нав ва ҳамкории бисёрҷонибаи сиёсати ҷавонон нақши муассир дорад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳоест, ки санади меъёрии ҳуқуқии хешро дар самти сиёсати давлатии ҷавонон 13 марти соли 1992 қабул намуда, соли 1997 мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон- Кумитаи кор бо ҷавононро таъсис дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






