«Сотим Улуғзода» ва «Султон Умаров» бо қалами Усмонҷон Ғаффоров ба нашр расиданд
Хуҷанд, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар шаҳри Хуҷанд маҳфили рӯнамоии ду китоби тозанашри муаррих ва публитсист, профессор Усмонҷон Ғаффоров «Сотим Улуғзода» ва «Султон Умаров» баргузор шуд.
Дар маҳфил адабиётшиносон Фахриддин Насриддинов, Нуралӣ Нуров, Субҳони Аъзамзод ва олими физик Ҳайдар Саидов роҷеъ ба аҳамият ва арзиши китобҳои таърихнигор изҳори андеша намуда, ба гиромидошти номи фарзандони барӯманди миллати тоҷик машғул шудани муаллифро иқдоми хайру кори савоб донистанд.
Дар музокира адабиётшинос, профессор Атахон Сайфуллоев ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод сухан карда, барои дар сатҳи баланд таълиф намудани асарҳои марбут ба зиёиёни тоҷик маслиҳатҳои судманд доданд.
Усмонҷон Ғаффоров иброз дошт, ки дар оянда барои муаррифӣ намудани чеҳраҳои барҷастаи тоҷик ба насли имрӯзу оянда кӯшиш мекунад.
Дар ин бора аз Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ хабар доданд.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






