Суғд: дар амалиёти «Нелегал-2016» нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ  шаш адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид

Октябрь 5, 2016 14:24

Душанбе, 5.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 19 сентябри соли равон дар миқёси вилояти Суғд марҳилаи дуюми амалиёти махсуси «Нелегал» оғоз гардид, ки он то 7 октябр идома мекунад.
Бояд гуфт, ки то 27сентябри соли равон аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ чор адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва баррасӣ гардида, айни замон ду парвандаи дигар дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Ин парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони Федератсияи Русия, Чин ва Покистон оғоз шудаанд.
Дар ин амалиёт бахши Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан, ҳамчунин дар шаҳри Бӯстон фаъол мебошад.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 5, 2016 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд