Суғд: Гусели 1600 наваскарони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ
Душанбе. 08.10.2016, /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Амфитеатри назди Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба гусели 1600 нафар наваскарон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ, чорабинии ботантана баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳру навоҳии вилоят, волидону собиқадорони меҳнат, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳҳои маркази вилоят ширкат намуданд.
Зимни баромади худ Абдураҳмон Қодирӣ ба даъватшавандагон роҳи сафеду хизмати бобарорро таманно намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки: Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб рафта, он барои насли наврас муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад.
Инчунин номбурда зикр кард, ки Имрӯзҳо фаъолияти қисмҳои низомӣ, шароити хизмати аскарон дар онҳо, пайваста дар мадди назари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ҳамаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити мусоиди ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир барои хизмати ҷавонон муҳайё гардидаанд.
Баҳри болидахотирии даъватшавандагон бо ҳузури волидонашон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ Ховар хабар доданд.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






