Суханронии М. Маҳмадаминов дар ҷаласаи Кумитаи сеюми Иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ
Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 6 октябри соли 2016 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷаласаи Кумитаи сеюми Иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ дар мавзӯи назорати маводи мухаддир дар ҷаҳон сухан гуфт.
М. Маҳмадаминов таъкид намуд, ки яке аз шартҳои вокуниши муассир ба мушкилоти мазкур таъсиси низоми ҷаҳонии гуногунсатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби СММ мебошад.
М. Маҳмадаминов ҳамчунин зикр кард, ки қабул гардидани «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳимест дар татбиқи сиёсати мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






