Таҳлили масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ дар китоби нави Зафар Сайидзода

Октябрь 19, 2016 12:04

Душанбе, 19.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Китоби нави мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода таҳти унвони «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар нашриёти «Контраст»-и Душанбе ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад. Китоби мазкур ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, аз 608 саҳифа ва бобҳои «Нақши сиёсии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон», «Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ» ва «Густариши ахлоқи миллӣ ва гиромидошти забони модарӣ-посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ» иборат аст.
kitobi-z-sajidzodaИн китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ-гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, таъмини рушди устувору босуботи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои он-бахшида шудааст. Асари мазкур барои олимон, омӯзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва доираи васеи хонандагон иншо гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки Зафар Сайидзода муаллиф, мураттиб ва муҳаррири зиёда аз 70 китоб ва мақолаҳои зиёд оид ба масъалаҳои фалсафа, забон, сиёсатшиносӣ, таърихи навтарин ва фарҳанги иттилоотии Тоҷикистон мебошад.

Октябрь 19, 2016 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад