Таҳлили масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ дар китоби нави Зафар Сайидзода
Душанбе, 19.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Китоби нави мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода таҳти унвони «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар нашриёти «Контраст»-и Душанбе ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад. Китоби мазкур ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, аз 608 саҳифа ва бобҳои «Нақши сиёсии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон», «Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ» ва «Густариши ахлоқи миллӣ ва гиромидошти забони модарӣ-посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ» иборат аст.
Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ-гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, таъмини рушди устувору босуботи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои он-бахшида шудааст. Асари мазкур барои олимон, омӯзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва доираи васеи хонандагон иншо гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки Зафар Сайидзода муаллиф, мураттиб ва муҳаррири зиёда аз 70 китоб ва мақолаҳои зиёд оид ба масъалаҳои фалсафа, забон, сиёсатшиносӣ, таърихи навтарин ва фарҳанги иттилоотии Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон






