«Таҳсилот дар тӯли ҳаёт»- принсипи Қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»
Душанбе, 28.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид, дар Тоҷикистон «таҳсилоти ғайрирасмӣ» ва «таҳсилоти ғайриасосӣ» эътироф карда мешаванд. Яъне шахсоне, ки дар ин раванд малакаю маҳорати касбӣ ба даст меоранд, имкон доранд бо роҳи валидатсия (эътирофи малакаҳои касбие, ки дар ҷараёни таҳсилоти расмӣ, ғайриасосӣ ва худомӯзӣ ба даст омадаанд) салоҳияти касбиашон эътироф гардида, соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ гарданд. Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур аст, мегӯяд, ки ҳуҷҷати намунаи давлатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон тасдиқ карда мешавад. Ин ҳуҷҷатро муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, ки иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолиятро дар ин соха доранд, дар асоси расмиёти валидатсия, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, бояд диҳанд.
Вакили Маҷлиси намояндагон афзуд, ки вақте як ҳунарманд ё устои номдор дар доираи таҳсилоти ғайрирасмӣ даҳҳо шогирд ва коромӯзро меомӯзонад ва соҳиби маҳорату малакаҳои касбӣ мегардонад, ин амали ӯ боиси дастгирию эътироф аст. «Таҳсилот дар тӯли ҳаёт»- принсипи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» буда, ба ҳар шаҳрванд дар тамоми умр кафолати гирифтани таҳсилот дода мешавад ва он дар шароити феълӣ хеле муҳим ва саривақтист.
Қонуни мазкур аз ҷониби Парлумони кишвар дар ҳоле қабул гардид, ки шурӯъ аз соли 2008 дар кишварамон Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон ба таври расмӣ фаъолият дошта, алҳол 100 намояндагиву филиалҳои Маркази мазкур дар минтақаҳои кишвар калонсолонро ба таълим фаро гирифтаанд. Нурулло Оқилзода афзуд, ки бо қабули қонуни мукаммал оид ба таҳсилоти калонсолон самаранокии фаъолият дар соҳа хеле боло рафта, дастрасии васеи он ба аҳолӣ таъмин хоҳад гашт. Хусусияти муҳими соҳа аз он иборат аст, ки аҳолии ҷумҳурӣ ҳамасола 2% инкишоф ёфта, 180 ҳазор ҷойи нишастро дар соҳаи маориф ва ҳамин миқдор ҷойи нави кориро тақозо менамояд. Махсусияти дигари соҳа муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки барояшон шароити васеи омӯзиши касбӣ ташкил ва ҷараёни эътирофи салоҳияти малакаву маҳорати берун аз таҳсилоти расмӣ бадастовардаашон таъмин мегардад. Вобаста ба ин, лоиҳаи қонун барои пешрафти соҳаи таҳсилоти калонсолон ташкили сохтор ва низоми ягонаи он, аз ҷумла амалӣ намудани ҷараёни эътибор, расмикунонии малакаҳое, ки калонсолон дар натиҷаи омӯзиши ғайрирасмӣ, ғайриасосӣ ва худомӯзӣ ба даст меоранд, заминаи ҳуқуқиро пешниҳод менамояд.
Вакили Маҷлиси намояндагон афзуд, ки таҷрибаи байналмилалӣ ва Аврупо оид ба валидатсия, яъне эътироф ва расмикунонии малакаҳои касбии дар натиҷаи таҳсилоти ғайрирасмӣ, ғайриасосӣ ва худомӯзӣ бадастомада хеле васеъ аст. Ин таҷриба муҳим буда, дар Тоҷикистон ҷузъиёти он танҳо дар фаъолияти Маркази таълимии калонсолон истифода мегардад. Дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон, назири Олмон, Беларус, Гурҷистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода гардидааст.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ алҳол Тоҷикистон дорои 5,2 миллион нафар захираи меҳнатӣ буда, аз он танҳо наздик ба 2,5 миллион нафар дар иқтисодиёт фаъоланд. Ба ин омор ҳамзамон муҳоҷирони меҳнатӣ шомиланд.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






