Тавсеаи ҳамкории гумрукии Тоҷикистону Эрон дар меҳвари мулоқоти Каримзода бо Карбосиён

Октябрь 20, 2016 17:15

Душанбе, 20.10.2016/АМИТ «Ховар»/.  Масъалаи тақвияти ҳамкорӣ байни мақомоти  гумруки Тоҷикистон ва  Эрон  дар мулоқоти  Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Масъуд Карбосиён, раиси кулли мақомоти гумруки  Эрон дар Теҳрон баррасӣ гардид.
Мусоҳибон ҳамзамон масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои мубодилаи иттилооти оморӣ ва электронӣ, омӯзиш ва табодули таҷриба ва фаъолсозии имкониятҳои рушди равобити  иқтисодию тиҷоратиро муҳокима намуданд.
Зикр шуд, ки аз ҷониби мутахассисони ҳарду кишвар лоиҳаи «Ёддошти тафоҳум оид ба амалӣ намудани Созишномаи дутарафа байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ёрии байниҳамдигарии идорӣ оид ба иҷрои дурусти қонунгузории гумрукӣ барои пешгирӣ, таҳқиқ ва мубориза бо қонуншиканиҳои гумрукӣ»  таҳия гардидааст, ки ин санад мавриди мувофиқа қарор дорад.
Мулоқоти Хуршед Каримзода бо Масъуд Карбосиён  дар ҳошияи ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО –ECO)  ва ҷаласаи зеркумитаи коршиносони бахши гумруки кишварҳои ЭКО, ки 17-19 октябр дар Теҳрон доир гардид, ҷараён гирифт.

Октябрь 20, 2016 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад