Тоҷикистон ва Чин: мубодилаи донишҷўёнро метавон дар оянда бештар тақвият дод
Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд ҷиҳати рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи маориф дар оянда метавон мубодилаи донишҷўёнро зиёд намуд ва дар самти маориф ва илм корҳои зиёди муштаракро анҷом дод. Ин ва дигар масъалаҳои мубрамро дирӯз, 19 октябр вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид бо муовини котиботи генералии Созмони ҳамкории Шанхай Ван Кай Вэн ва мутахассиси Созмони ҳамкории Шанхай Шайдогул Закирова баррасӣ намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, дар вохўрӣ ҷонибҳо аз ҳамкории мавҷуда дар соҳаи маориф ва илм натиҷагирӣ намуда, вобаста ба рушди он ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии мардумии Чин сифати таҳсилот баланд буда, аз кишварҳои мухталиф донишҷўёни зиёд ба муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар қабул карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки мулоқот дар доираи Машварати 6-уми вазирони маорифи кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён дорад, баргузор шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






