Тоҷикистону Кувайт ҳамкориро дар бахши амният тақвият мебахшанд
Душанбе, 05.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистону Кувайт ҳамкории амниятиро ба роҳ монда, тақвият мебахшанд. Далели ин аз сӯи Парлумони Тоҷикистон баррасӣ ва ба тасвиб расидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният аст. Созишномаи мазкур дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт 15 майи соли 2016 дар пойтахти ин давлат- шаҳри Ал- Кувайт ба имзо расидааст.
Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии аманияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр зимни ташреҳи санади мазкур дар назди вакилони Парлумон гуфт: «Созишномаи мазкур заминаҳои ҳуқуқиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории амниятӣ бо Давлати Кувайт фароҳам меорад».
Мубодилаи иттилоот, таҷриба, коршиносон ва ташкили давраҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти ҳар ду ҷониб вобаста ба масъалаҳои ошкор, пешгирии терроризм ва маблағгузории он, истеҳсол ва муомилоти ғайриқонуни силоҳ ва маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон аз самтҳои асосии Созишнома мебошад.
Инчунин дар асоси ин санад ҳамкорӣ бо Хадамоти махсуси Кувайт дар самти коҳиш додани буду боши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғайрирасмӣ дар мактабҳои идеологӣ ба омӯзиши равияҳои мамнуъи динӣ машғуланд, ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки ҷустуҷӯ ва дастгир намудани шахсоне, ки дар сафи созмонҳои террористӣ ва муқовиматҳои ҷангии Сурия ва Ироқ қарор доранд, ба роҳ монда шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






