Усэйн Болт 10 миллион долларро ба қурбониёни тӯфони «Мэттю» дар Ҳаити хайр хоҳад кард
Душанбе, 13.10.2016 / АМИТ «Ховар» /. Спринтери Ямайка Усэйн Болт 10 миллион долларро барои қурбониёни тӯфони «Мэттю» дар Ҳаити хайр хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, интернет-портали Куба «Cubadebate» иттилоъ дод.
Қаҳрамони олимпӣ аз давлати ҳавзаи Кариб дидан кард ва аз нияти кумак ба қурбониёни офатҳои табиӣ ба воситаи фонди худ изҳор дошт.
Ба ғайр аз фаъолияти хайрхоҳӣ дар ватани худ Ямайка, дар ҷараёни бозиҳои олимпии Пекин-2008 варзишгар 50 ҳазор долларро барои кӯдакони дар заминларзаи Сичуан зарардида интиқол дод.
Дар Ҳаити тақрибан ҳазор нафар қурбонии тӯфони «Мэттю» гардиданд ва зиёда аз 3 ҳазор хонаҳо хароб шуданд. Дар натиҷаи шиддати офати табиӣ тақрибан 15 ҳазор нафар бе хонаву дар шуданд.
Аз зилзилаи шадиди соли 2010 дар кишвар харобаҳои бешумор боқӣ мондаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






