Вакилон ба мардуми Тоҷикистон савганд ёд карданд
Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст дар таърихи парламентаризми тоҷик 3 октябри соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Парлумон дар назди Парчами давлатӣ дасти рости худро болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, ба мардуми Тоҷикистон савганд ёд карданд.

Аввалин шуда, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамзамон вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт№12 мебошад, дар назди вакилон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кард, ки матнаш чунин аст: «Ман, Зуҳуров Шукурҷон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми неру, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям».
Бояд тазаккур дод, ки бар асоси тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли равон дар асоси баргузории раъйпурсӣ сурат гирифт, ба қисми 7-уми моддаи 49-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб шуданаш ба мардуми Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Ҳамзамон Парлумони кишвар ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намуд.
Мавриди зикр аст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон буда, аз 63 вакил иборат мебошад. Вакилони Маҷлиси намояндагони ба муҳлати 5 сол тавассути баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мардум интихоб карда мешаванд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






