РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Хунарманди сол» гузаронида мешавад. Дар ин озмун ҳунармандон имкон доранд маҳсули ҳунарашонро муаррифӣ намоянд. Дар ин озмун ҳунарҳои миллию мардумӣ, аз ҷумла сабадбофӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои анъанавӣ ба намоиш гузошта мешаванд, ки на танҳо фарҳанги миллиро эҳё мекунанд, балки имкони рушди иқтисодии хонаводаҳои маҳаллӣ ва ташвиқи сайёҳӣ дар минтақаҳоро низ фароҳам меоваранд. Дар робита ба рушди ҳунарҳои мардумӣ АМИТ «Ховар» дар бораи ҳунари сабадбофӣ маълумот пешниҳод менамояд.
– Сабадбофӣ яке аз ҳунарҳои мардумии қадимии тоҷикон мебошад. Имрӯзҳо дар мамлакат сабадбофӣ дар баробари дигар навъҳои ҳунар рушд намуда, ба яке аз манбаъҳои даромад барои ҳунармандон табдил ёфтааст.
Бофтани сабад маҳорати махсусро тақозо менамояд. Маъмулан сабадро аз навдаи дарахтҳои гуногун мебофанд, ки онро химча низ мегӯянд. Ҳунари сабадбофӣ қариб дар ҳама ҷо ба ҳам монанд аст. Вале ҳангоми бофтани сабад ҳар ҳунарманд барои хушсифат ва бозоргир шудани маҳсулоташ маҳорат нишон медиҳад. Сабадбоф навдаҳои борику дароз ва барои сабадбофӣ муносибро аз дарахти тут, бед сияҳбед, сафедор, анор, биҳӣ, олуболу, най (қамиш), ирғай ва монанди инҳо бурида, ҷамъ меорад.
Дар китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» вобаста ба ин навъи ҳунармандӣ чунин маълумот дода шудааст: ҳунарманд аввал навдаҳоро барои осон шудани кор чанд рӯз дар соя ва ё офтобрӯя мегузорад, то ки андаке обаш парида, чандирӣ шавад. Агар навдаҳо хушк бошанд, онҳро ба об тар мекунанд, то ки ҳангоми бофтан нашикананд. Ду тарафи нӯги навдаро ба мисли нӯги қалам метарошанд ва баъд навдаҳои хурду калонро ҷудо мекунанд. Пеш аз шуруи кор сабадбоф ҳамаи онҳоро дар шакли доира мегузорад. Баъдан як-як онҳоро гирифта, аз қисми поини сабад ба бофтан шуруъ менамояд. Ҳамин тавр, қисми болои сабадро низ бо тартиби хос мебофад. Пас аз бофтани сабад онро ба ҷойи махсус мегузоранд, то ки хушк шавад. Баъд аз омода шудани сабад онро бо таври дилхоҳ ранг кардан мумкин аст.
Ба андешаи ҳунармандон, сабадҳое, ки аз навдаҳои сияҳбед бофта мешаванд, сифати хуб доранд. Баъзе сабадбофон сабади бофтаи худро 3–4 соат ё бештар дар об тар карда, рӯяшро бо матоъ мепӯшонанд. Бархе аз сабадбофон сабади омодаро аз об гирифта, чанд рӯз ба намад ва ё латтаҳои ғафс печонида, 4–5 рӯз дар таҳхона ва ё хонаи торики сард мегузоранд, то ки сабад қолаб гирад.
Дар замони муосир сабадбофон маҳсули дасти худро бо шакли муосир, салиқаи хос, зебу ороиши махсус, аз навдаҳои гуногун, ҳатто бо гулпардозӣ омода месозанд. Ин гуна сабадҳо ҳамчун асбоби ороиши рӯзгор дар рафу ҷевонҳо гузошта мешаванд. Ҳоло сабадро аз сим, пояи гандум, маводи пластикӣ, резин ва ҳатто аз коғаз низ мебофанд.
Сабадҳои бофтаи ҳунармандонро имрӯз дар аксар хонаҳо дидан мумкин аст, зеро дар хона барои нигоҳдории китобҳо, бозичаҳо, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳамчун гулдони ороишӣ истифода мешаванд. Дар корхона онро барои нигоҳдории ашёи конселярӣ, ашёи хурд ва ороиши мизу рафҳо мегузоранд.
Имрӯзҳо сабадҳо дар тӯйю маъракаҳои мардум ҳамчун ашё барои гирифтани маҳсулоти нонӣ ва дар дастурхонҳо барои мевагузорӣ истифода мешаванд. Ҳамзамон дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҷониби ҳунармандон меваю сабзавот ва донагиҳо ба намоиш гузошта мешаванд, ки рамзи эҳёи ин навъи ҳунар, маҳорати ҳунармандон ва муаррифии маҳсулоти дастии онҳо мебошад. Яъне, сабадҳои муосир ҳам амалӣ ва ҳам ороишӣ мебошанд ва дар ҳар ҷое, ки зебоӣ зарур аст, истифода бурда мешаванд.
Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар замонҳои пеш дар Осиёи Марказӣ дӯкону растаҳои махсуси сабадбофӣ ва сабадфурӯшӣ вуҷуд доштаанд, ки мардум аз он ҷо барои истифодаи рӯзгор сабади дилхоҳ мехариданд.
Ҳунари сабадбофӣ ҳоло низ дар байни мардуми тоҷик ривоҷ дорад. Ҳоло сабадбофҳо аз маҳсулоти мухталиф сабадҳои зинатии хурду калон мебофанд, ҳамчунин ашёи ороишиеро, чун табақ, табақча, коса, офтоба ва ғайра бофта, пешкаши мардум менамоянд.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд






