Вазорати маориф ва илм: Тоҷикистон аз соли 2020 ба низоми таҳсилоти 12- сола мегузарад
Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 19 октябри соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжу Чживен, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин ва дигар намояндагони расмии ин кишвар вохӯрд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд.
Дар вохўрӣ ҷонибҳо вобаста ба низоми таълим дар муассисаҳои таълимӣ ибрози андеша намуданд. Муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжу Чживен зикр кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ният дорад ба низоми таълими ҳатмии 15-сола гузарад.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ аз соли 2020 ба низоми таҳсилоти 12-сола мегузарад, ки анҷоми гузариш соли 2032 дар назар дошта шудааст.
Инчунин дар доираи шартномаҳои мавҷуда миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар ба роҳ мондани табодули бештари донишҷўёну омўзгорон, таъсиси шўроҳои диссертатсионӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак, омўзиши таҷрибаи ҳамдигар, дар қатори забонҳои англисию олмонӣ ва арабӣ дар оянда ҷорӣ намудани забони чинӣ ба сифати забони хориҷӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва амсоли инҳо аз зумраи масъалаҳое буданд, ки зимни нишаст мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






