Вениамин Каганов: «Довталабони тоҷике, ки барои таҳсил ба Русия мераванд, бояд аввал аз курси тайёрӣ гузаранд»
Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд довталабоне, ки барои таҳсил ба Федератсияи Русия мераванд, бояд пеш аз таҳсил курсҳои тайёриро гузаранд. Ин пешниҳодро муовини вазири маориф ва илми Федератсияи Русия Вениамин Каганов зимни мулоқот бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ироа намуд. Вениамин Каганов ҳамчунин таклиф кард, ки дар қадами аввал ба таври таҷрибавӣ метавон омўзгоронро ба курсҳои такмили ихтисоси семоҳа ҷалб кард.
Ҷонибҳо зимни мулоқот инчунин вобаста ба таҳсили донишҷўёни тоҷик дар Федератсияи Русия, такмили ихтисоси омўзгорон, таъмини мактабҳо ва синфҳои русӣ бо китобҳои дарсӣ, қабули донишҷўён ба филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дар Тоҷикистон фаъол ва дигар масъалаҳо табодули андеша намуданд.
«Имрўзҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳои ягонаи давлатиро таҳия намудааст, ки дар асоси онҳо китобҳои ягонаи таълимӣ роҳандозӣ шудаанд. Ҳамчунин Фонди гардиши китоб фаъол аст, ки китобро барои се сол ба иҷора дода, ба ин восита хонандагон бо китоби доимӣ таъмин мегарданд. Ин таҷрибаро метавон омўхт ва дар низоми маорифи Русия низ ҷорӣ кард»,-иброз дошт В.Каганов.
Нуриддин Саид иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ буда, ҷиҳати рушду вусъат бахшидани муносибот тадбирҳои зарурӣ меандешад.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






