ВКД: дар нуҳ моҳ 980 садамаи нақлиётӣ ва 1054 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудаанд
Душанбе, 18.10.16. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2016 бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, аъзои мушовара, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ оғоз гардид.
Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, боло бурдани сатҳи маърифату дониш, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дар рӯҳияи миллатдӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ доир гардиданд.
Зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони милитсия як зумра чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ашхоси ҷиноятпеша ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар нуҳ моҳи соли равон кушодашавии ҷиноятҳо 93,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз зиёд аст.
Ҳамчунин муайян гардид, ки дар ҳудуди кишвар 980 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта рух додани онҳо коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон 1054 ҳодисаи сар задани сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми соли равон саҳми кормандони мақомот, аз ҷумла Хадамоти оташнишонӣ дар бартарафсозии 65 (соли 2015-85) ҳодисаву офати табиӣ назаррас будааст. Сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида минатдории худро ба кормандони мақомоти милитсия расонидаанд.
Гуфта шуд, ки дар соли равон ҳамкорӣ ва робитаи кормандони милитсия бо аҳолӣ беш аз пеш вусъат ёфта, ба ин васила мушкилоти шаҳрвандон сари вақт ҳалли худро меёбад. Аз ҷумла, тавассути алоқаи хизмати «Мадад 19-19» — 1750 хабар оид ба содиршавии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва дигар арзу шикоятҳо ворид гардид, ки аз онҳо 497 — тоаш тасдиқи худро ёфтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






