ВКД: муроҷиати шаҳрвандон тавассути «Хабарнигори фаврӣ» баррасӣ шуда, гунаҳгорон ҷазо гирифтанд

Октябрь 15, 2016 11:06

Душанбе, 15.10.16. /АМИТ «Ховар»/. Беш аз як моҳ мешавад, ки дар сомонаи расмии ВКД гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» таъсис дода шуд, ки дар ин муддат ба воситаи ин бахш 28 нафар шаҳрвандон аз гӯшаю канори мамлакат ва Федератсияи Русия хабар ва наворҳо ирсол намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба раёсатҳои дахлдор фиристода шуда, аз ҷониби масъулин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Аз ҷумла, намояндаи шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» дар Федератсияи Русия Хуршед Саидаҳмадов ба воситаи «Хабарнигори фаврӣ» хабари дар «Фейсбук» таҳти унвони «Вақте ки полисҳои худӣ ҳамчун фаришта ба назар мерасанд» (Когда свои полицейские кажутся ангелами) вобаста ба ҳолати хизматбарии кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ (муҳофизони майдони И. Сомонии пойтахт) пахш гардидаро фавран ба мо ирсол намуд.
Вобаста ба ин ҳодиса сари вақт аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ вокуниш нишон дода шуда, тадбирҳои мушаххас андешида шуданд»,- зикр намуд манбаъ.
Дар натиҷа нисбат ба командири Взвод оид ба муҳофизати иншооти давлатии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ капитани милитсия Искандар Убайдов ҷазои интизомӣ татбиқ гардида, милитсионерони взводи мазкур- командири шуъбача, прапоршики калони милитсия Сафар Гадоев ва сержанти калони милитсия Авлиёқул Нормаҳмадов аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуданд.
Ҳамчунин вобаста ба муроҷиати шаҳрванд Шоира Умарова оид ба ҳуқуқвайронкунӣ ва муносибати дағалонаи ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» бо рақами қайди давлатии 1318 ТТ 05 Аминҷони Самад санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди 5 рӯз манъи идораи воситаи нақлиёт татбиқ карда шуд.
Новобаста ба ин, аз ҷониби кормандони РБДА ВКД бо ронандаи мошини мазкур бобати такрор накардани муносибати дағалона бо мусофирон суҳбат гузаронида шуда, дар асоси моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.
Боқимонда муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раёсатҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дошта, иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ мебошанд.
Хотиррасон менамоем, ки дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулода, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
Дар озмуни «Хабарнигори фаврӣ» кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон (новобаста аз шаҳрвандӣ) имконияти иштирок карданро доранд.
«Хабарнигори фаврӣ» ҳангоми пешниҳоди навори беҳтарин аз тарафи комиссияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳӣ шуда, бо туҳфаҳои қиматнок ва маблағҳои пулӣ мукофотонида мешавад. Ҳамчунин шахсоне, ки дар ҷамъбасти семоҳа навори беҳтарин ирсол кардаанд, новобаста аз туҳфаи гирифтаашон дар озмунҳои пештара аз нав қадрдонӣ карда мешаванд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, ИМО IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj@mail.ru истифода намуда, наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.

Октябрь 15, 2016 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд