ВКД ҶТ ҳамкорӣ бо ҷомеаро тақвият медиҳад
Душанбе, 24.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар назди Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа ва омодагӣ ба мавсими зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорат гирифта шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ боз ҳам тақвият дода шаванд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати омодагӣ ба давраи зимистон аз ҷониби Хадамоти давлатии оташнишонӣ чорабиниҳои зиддисӯхторӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва марказҳои савдо пурзӯр карда шавад.
Рамазон Раҳимзода ҷиҳати риояи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, муносибату муоширати хуб бо мардум ва робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






