ВКД ҶТ ҳамкорӣ бо ҷомеаро тақвият медиҳад

Октябрь 24, 2016 13:57

Душанбе, 24.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар назди Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ,  амнияти шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа ва омодагӣ ба мавсими зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорат гирифта шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ боз ҳам тақвият дода шаванд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати омодагӣ ба давраи зимистон аз ҷониби Хадамоти давлатии оташнишонӣ чорабиниҳои зиддисӯхторӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва марказҳои савдо пурзӯр карда шавад.
Рамазон Раҳимзода ҷиҳати риояи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, муносибату муоширати хуб бо мардум ва робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин  дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Октябрь 24, 2016 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад