17 ноябр Рӯзи умумиҷаҳонии донишҷӯён ҷашн гирифта мешавад

Ноябрь 17, 2016 17:13

Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 17 ноябр чун Рӯзи умумиҷаҳонии донишҷӯён ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз соли 1946 дар Конгреси умумиҷаҳонии донишҷӯён дар Прага эълон гардидааст.
Тавре Маҳмудхон Шоев, муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин рӯз дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба сифати таҳсили донишҷӯён равона мегардад. Теъдоди умумии донишҷӯён дар соли таҳсили 2015- 2016 дар мамлакат 178 ҳазору 109 нафарро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Маҳмудхон Шоев, имрӯз шароити таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар назар ба солҳои қаблӣ беҳтар буда, ҷавонон метавонанд бе мушкилӣ ба макотиби олии Тоҷикистон дохил шуда, сазовори номи донишҷӯ гарданд.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва баҳри таъмини онҳо бо таҷҳизоти нави таълимӣ пайваста саъю талош дорад. Ҳоло дар мактабҳои олӣ 505 синфхонаи компютерӣ барои донишҷӯён фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 15 ҳазору 784 компютер мавҷуд аст. 8 ҳазору 506 компютер ба нуқтаҳои интернетӣ пайваст мебошанд»,- гуфт мавсуф.
Тибқи иттилои мусоҳиб, донишҷӯён дар баробари таъмин будан бо таҷҳизоти муосири илмомӯзӣ, инчунин бо хобгоҳҳои замонавӣ фаро гирифта шудаанд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳоло 1867 нафар донишҷӯёни ҳориҷӣ дар макотиби олии Ҷуҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Ин донишҷӯён шаҳрвандони беш аз 25 кишвари дунё мебошанд.

Ноябрь 17, 2016 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд