7 ноябр Рӯзи театри тоҷик ҷашн гирифта мешавад
Душанбе, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки аҳли ҳунару эҷоди кишвар Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷуҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин рӯз намоишҳои хурди ҳайати ҳунарии театрҳои пойтахт манзури тамошобинон мегарданд ва сипас ба як гурӯҳ ходимони соҳаи театрии кишвар мукофот ва унвонҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ супорида мешаванд.
Боиси тазаккур аст, ки бори аввал 7 ноябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе Театри ҷумҳуриявӣ, ки баъдан номи устод Абулқосим Лоҳутиро гирифт, таъсис ёфта буд. Аз соли 1997 инҷониб ҳамасола 7 ноябр чун Рӯзи театри тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ 16 театри касбӣ фаъолият мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






