7 ноябр-Рӯзи театри тоҷик. Ҳунари актёрӣ-сарнавишти оилаи Қосимовҳо

Ноябрь 7, 2016 08:08

muhammadchon-kosimov-3Ҳукумати кишвар ба инкишофи бонизоми фарҳанг ва махсусан масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, рушди санъату мусиқӣ ва театр таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон


Душанбе, 7.11.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Муҳаммадҷон  Қосимов   яке  аз асосгузорони театри миллии тоҷик ва аз ҷумлаи нахустин ташкилкунандагони ҳайати касбии эҷодӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад.  Вай аз ҷумлаи сарсупурдагони ҳақиқии санъат аст, ки ба шароити душвор ва меҳнати пурмашаққати ба вуҷуд овардани театри нав тоб оварда буд.
Саҳми эҷодии ин ҳунарманд дар инкишофи театри тоҷик ва нашъунамои фарҳанги шӯравӣ бағоят калон аст.  Вай бо эҷодиёти худ дар равнақу ривоҷи  драматургияи миллӣ, санъати касбии актёрӣ ва инкишофи театри тоҷик ҳиссаи сазовор гузоштааст.
М. Қосимов дар санъати тоҷик тимсоли як давраи калоне мебошад, ки он ҳам табаддулоти маданият, ҳам тавлиду ташаккул ва ҳам нашъунамои санъати навро дарбар мегирад.
Муҳаммадҷон Қосимов баҳори соли 1907 дар яке аз деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии  Ӯзбекистон таваллуд ёфтааст. Падараш саҳҳоф буда, китобдӯст ва хаттоти хуб буд.  Муҳаммадҷон ҳанӯз дар синни ҳашт Қуръонро хонда фароварда буд. Вай аз хурдсолӣ мусиқиро дӯст медошт.
muhammadchon-kosimov-2М.Қосимов дар 9-солагӣ аз падар ҷудо шуд ва модар вайро маҷбуран ба шогирдии устои кафшдӯз дод. Модар ҳарчанд бори гарони зиндагиро бар дӯш гирифта буд, боз ҳам мехост писараш саводнок бошад ва Муҳаммадҷонро ба мактаб дод. Вай дар мактаби кӯҳна хонда, мустақилона бо ашъори баландмазмуни Ҳофиз, Саъдиву Бедил шинос шуда, саводашро пурра мекард. Духтари  Муҳаммадҷон Қосимов Сулҳия  меҳри беандозаи падарро нисбат ба ашъори классикон ёдовар шуда, нақл мекунад, ки: «Падарам дар вақтҳои холигӣ  ҳамаи фарзандонро дар гирди худ ҷамъ карда, рубоӣ ва ғазалҳои Ҳофизу Саъдиро ба мо мехонданд. Вақте мо маънои мисраъҳоро намефаҳмидем, ба мо ҳар кадом байтро дар алоҳидагӣ маънидод мекарданду боз мегуфтанд, ки ҳар яки ин мисраъҳо чанд паҳлӯ дорад ва ҳар кас онро ҳар ҳел мефаҳмад. Гоҳо тарҷумаи русии эҷодиёти он шоиронро хонда, бо таассуф мегуфтанд, ки тарҷумаи русӣ маънои пурра ва аслии  ин ғазалҳоро намедиҳад».
Пас аз инқилоби Октябр барои Муҳаммадҷон Қосимов ҳаёти нав оғоз шуд. Вай соли 1927 барои идомаи таҳсил ба Техникуми кооперативии Тошканд дохил шуд. Муҳаммадҷон якумин бор маҳз дар Тошканд спектаклеро тамошо карда, пас аз бозгашт қарор дод дастаи драмавӣ ташкил кунад. Дар ин даста вай ғайр аз корҳои ташкилӣ ҳам вазифаи коргардон ва ҳам вазифаи луқмадеҳ (суфлёр)-ро иҷро мекард.
12 январи соли 1931 Муҳаммадҷон Қосимов актёри Театри давлатии драмавии тоҷик таъйин гардид. Ин ҷавони бистусесола барои сохтмони театри миллӣ камарашро сахт баст. Муҳити театрӣ дар хонадони  М. Қосимов аз солҳои аввали фаъолияташ ба вуҷуд омада буд, яъне вай бо ҳунарпешаи ҷавон Назокат Шокирова оила барпо намуд. Онҳо дар намоишҳо якҷоя нақш меофариданд. Оғози соли 1946 М. Қосимов ба ҳамсари драманигори марҳум А.Усмонов- ҳунарпешаи шинохта Мушаррафа Орифова (сипас Қосимова) оиладор шуд.  Мушаррафа Қосимова 19 декабри соли 1918 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Падари вай Орифҷон Расулиро соли 1924  дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик ба пойтахти Тоҷикистон -Душанбе фиристоданд.  Соли 1930 падари Мушаррафа Қосимова оилаашро аз Самарқанд ба Душанбе овард. Мушаррафаи ҷавон дар он айём ба Омӯзишгоҳи тиббии Тошканд дохил шуда, пас аз марги падар дар соли 1937 маҷбуран омӯзишгоҳро партофта,  ба назди хоҳару додаронаш бармегардад. Барои таъмини оила Мушаррафа бо кумаки яке аз хешон- Ғанӣ Абдулло ба Театри драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор меравад.
М. Қосимова аз овони ҷавонӣ дар саҳнаи тоҷик ҳунарнамоӣ карда, бо намоишҳои театрӣ дар ноҳияву деҳаҳои Тоҷикистон баромад мекард ва доимо дар байни мардум  буд.

muhammadchon-kosimov
Адиби шинохта Абдураҳмони Абдуманнон андешаҳояшро дар бораи ин оила чунин иброз намуд: «Оилаи Қосимовҳо аслан як оилаи зиёиёни бисёр маъруфи ҷумҳурии мо мебошад. Худи Муҳаммадҷон Қосимов аз поягузорони театри миллӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта,   Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ  буд,  Ӯ  фаъолияти  бисёрсоҳа дошт, ҳам дар театр нақш меофарид, ҳам худаш пйесса менавишт, ҳам дар филмҳо нашқ иҷро мекард. Албатта, М. Қосимов дар зеҳну хотираи мардум бештар ҳамчун офарандаи нақшҳо дар кинои тоҷик  нақш бастааст. Хусусан нақши Коваи оҳангар, ки бисёр ба таври классикӣ офарида шудааст. Аслан ман М. Қосимовро ҳам дар нақши раиси колхоз, дар нақши падар, дар нақши зиёӣ дидаам ва ӯ ҳар нақшро бо маҳорати баланд офаридааст. Аслан оилаи он кас-  Мушаррафа Қосимова ҳам дар театр ва ҳам дар филмҳо симои модарро дар худашон таҷассум кардаанд. Апаи Ғанӣ Абдулло -Музаффара Абдулло ба ман боре нақл кард, ки «дар айёми  кӯдакӣ Ғанӣ Абдулло  аввалин пйесаҳои мактабии худро менавишт ва мо дар Самарқанд дар ҳавлиамон ин пйесаҳоро ба саҳна мегузоштем. Мушаррафа яке аз ташаббускорони ба саҳна гузоштани ҳамин пйесаҳо дар даврони ҳанӯз кӯдакиаш буд».
Имрӯз Мушаррафа-апа яке аз чеҳраҳои равшани театру кинои мо маҳсуб мешавад. Фарзанди онҳо Фаррух Қосимов актёри машҳур буда, дар соҳаи театрӣ навоварии чашмрас нишон дода,  Театри тамошобини ҷавон- «Аҳорун»-ро таъсис дод. Вай  мавзӯъҳои классикиву имрӯзаро  аз диди тамоман дигар, бо назари фалсафӣ рӯи саҳна мегузошт. Бародари  Фаррух -Хуррам низ дар театри Лоҳутӣ кор мекард ва чанд нақши офаридааш дар хотири дӯстдорони театру кино то имрӯз боқӣ мондааст. Аслан аҳли ин оила дар пешрафти киною театри  тоҷик, драматургия, умуман дар пешрафти фарҳангу санъати Тоҷикистон  нақши бориз гузоштаанд».

Бояд гуфт, ки Мушаррафа Қосимова дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ақибгоҳ низ саҳми худро гузоштааст. Дар он солҳо вай бо  гурӯҳи эҷодии театр ба шаҳру деҳаҳо рафта, барои аскарону мардуми тоҷик спектаклу барномаҳои ватандӯстона намоиш медоданд ва онҳоро барои ба даст овардани ғалаба рӯҳбаланд  месохтанд.
Мушаррафа Қосимова дар намоишҳои зиёде ҳунарнамоӣ кардааст, аз ҷумла, дар намоишҳои «Тӯй», «Зиндагӣ ва муҳаббат», «Модар», «Номаро ман навиштам», «Фармони Кадушоҳ» ва ғайра. Инчунин ин ҳунарпеша дар филмҳои ҳунарии «Нисо», «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Ҷавонии Насриддин» ва ғайра нақш бозидааст.
Дар байни фарзандони Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимовҳо Фаррух ва Хуррам касби волидайнро интихоб намуданд. Дар аввал падар аз интихоби писарон розӣ набуд, зеро ҳунари актёриро муқаддас ва заҳмати пурмашаққат мешуморид. Вақте  ҷидду ҷаҳд ва лаёқати писаронро дид, ба ҳунари онҳо бовар намуд. Баъдан онҳоро барои ҷустуҷӯи эҷодӣ  ва қадам ба роҳи ҳунар гузоштан дуо дод. Оилаи Қосимовҳо анъанаи кӯҳнаи тоҷиконро дар санъат бо шакли нав идома доданд. Хуррам Қосимов, собиқ  ҳунарпешаи Театри ба номи Лоҳутӣ дар айни замон дар яке аз театрҳои  шаҳри Липетски Федератсияи Русия фаъолият мекунад.
muhammadchon-kosimov-4Фаррух Қосимов низ фаъолияти эҷодиашро дар Театри ба номи Лоҳутӣ чун актёр ва коргардон оғоз намуда, сипас дар Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба кор идома бахшид.  Вай низ чун падар услуби зоиран камхарҷу ботинан пурмазмунро идома дода, бештар ба фикру андешаи қаҳрамон эътибор медод. Ҳамсари Фаррух Қосимов-Сабоҳат Қосимова низ яке аз беҳтарин ҳунармандони театру кино ба шумор меравад.
Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимовҳо тамоми умр ба театр содиқ монданд. Ин касби олӣ сарнавишти оилаи онҳо гардид. Оилаи Қосимовҳо дар инкишофи анъанаҳои театри миллӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Муҳаммадҷон Қосимов сарфи назар аз носозгории саломатии худ нисбат ба кор серталаб буд. Вай 5 июли соли 1971 аз фишори хун аз олам даргузашт.
Имрӯз Театри тамошобини ҷавони «Аҳорун» ва кӯчае дар пойтахт ба номи М. Қосимов гузошта шудаанд.
Ҳар сол дар рӯзи 9 май- дар рӯзи таваллуди М. Қосимов ҳамаи хешону пайвандон дар ҳавлии ин марди ҳунар ҷамъ мешаванд. Дар ин рӯз дар ин оила ду ид ҷашн гирифта мешавад-солрӯзи ҳунарманди шинохта ва дигар Рӯзи Ғалаба, зеро   Мушаррафа Қосимова низ  иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ақибгоҳ мебошад.
Имрӯз ин зани ҳунарманд соҳиби набераю абераҳои зиёд мебошад. Вай доимо дар  бораи овони кӯдакӣ ва ҷавонӣ, таърихи гузаштагон нақл намуда,  насли наврасро насиҳат мекунад, ки  гузаштагони худро фаромӯш накунанд.
Имсол М.Қосимова ба синни 98 мерасад. Ҳарчанд дар айни замон дар саҳнаи театр ва кино нақш намеофарад, вале доимо кӯшиш мекунад, ки аз тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио аз рӯйдодҳои муҳим ва зиндагии ҳунармандони тоҷик огоҳ бошад.  Ба гуфтаи вай, имрӯз дӯстони беҳтаринаш рӯзномаю телевизион  мебошанд. Ба 98- солагии худ нигоҳ накарда, «Модар»-и театри тоҷик доимо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар робита аст. Дар барномаҳои телевизиониву радиоӣ суҳбатҳо мекунад.
Мушаррафа Қосимова аз рӯзгори бо Муҳаммадҷон Қосимов ба сар бурдааш шукрона дошта, фахр мекунад, ки меҳнати кардаи онҳо  зоеъ нарафт ва онро қадрдонӣ кардаанд. Имрӯз фарзандон ҳам соҳиби оилаю касб гашта, номи оилаи Қосимовҳоро дар ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз он муаррифӣ менамоянд.
Ба гуфтаи духтари Муҳаммадҷон  Қосимов- Сулҳия  падару модар ҳеҷ гоҳ ба онҳо барои соҳиб шудан ба мансабу вазифаи баланд маслиҳат намедоданд. «Падарам доим аз касби коргарӣ доштани мо мефахрид. Дар хотир дорам, вақте бародарам Ҷамҳур баъд аз дохил шудан ба мактаби шабона, ба ҳайси кранчӣ ба кор рафт, падарам аз касби кранчии ӯ чунон фахр мекард, ки ба ҳамаи дӯстону наздикон «писари ман кранчӣ аст» -гӯён таъриф мекард»,- ба хотир меорад Сулҳия.
Муҳаммадҷон Қосимов дар намоишҳои «Балво», «Ғалаба», «Калтакдорони сурх», «Восеъ», «Тӯҳмат», «Ба ҷанг» «Шоҳ Лир», «Рӯдакӣ», «Ҳуррият»  ва ғайра нақш офаридааст. Инчунин дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва пас аз он дар филмҳои «Писари Тоҷикистон», «Дохунда», «Қисмати шоир», «Байрақи оҳангар», «Достони Рустам»  ва ғайра нақш бозидааст.
То имрӯз шӯҳрати Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимовҳо дар байни халқ боқӣ монда, фарзандон ин касби волидайнро идома дода истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз набераи Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимоваҳо, писари Фаррухи  Қосим- Фирдавс Қосимов низ қадамҳои аввалини худро дар ҷодаи театр гузошта истодааст.

 

Лайло Тоирӣ

Ноябрь 7, 2016 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад
Дар Истаравшан 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шуғнон 233 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мош қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад
Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ ба фасли зимистон омода мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Дар Душанбе конфронси минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ барои рушди устувор доир гардид
«МАКТАБИ ХАБАРНИГОРОНИ ҶАВОН». Таҳти чунин унвон дар Хатлон даври омӯзишӣ оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад