97 фоизи талаботи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ бо ангишт таъмин гардид

Ноябрь 16, 2016 10:17

Душанбе, 16.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти фаврӣ истихроҷи ангишт аз аввали сол то 15 ноябри соли равон ба зиёда аз 1 млн. 200 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 277 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тавре ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, захираи ангишт то 15 ноябри соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи соли сипаригардида 131 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Фурўши ангишт дар ин давра ба 1 млн. 235 ҳазор тонна расонида шуд, ки 41,7 фоизи он ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 рост меояд. Дар маҷмўъ бо назардошти бақияи ангишти соли сипаригардида 97 фоизи талаботи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ бо ангишт таъмин гардид.

Ноябрь 16, 2016 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд