Абдуллоҳ ал-Маътуқ: «Боиси масаррат аст, ки Тоҷикистон чунин як роҳбари ғамхор, оқил, шахси хеле самимӣ ва хоксор дорад»

Ноябрь 2, 2016 09:30

Душанбе, 2.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябри соли 2016 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири кулли СММ оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ ал-Маътуқ доир гардид.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот номбурда аз истиқболи ҷониби тоҷикистонӣ ҳангоми сафари ҳайати ташкилотҳои хайриявии Кувайт ва мулоқоташ бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин иброз дошт: «Барои мо боиси масаррат аст, ки Тоҷикистон чунин як роҳбари ғамхор, оқил, шахси хеле самимӣ ва хоксор дорад».
Ҳамзамон дар ин мулоқот самтҳои рушди ҳамкорӣ байни ду кишвар, аз ҷумла аҳамияти табодули сафарҳои расмӣ дар сатҳҳои гуногун, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амалҳои гуманитарию хайриявӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ноябрь 2, 2016 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд