Ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба Ашқобод меравад

Ноябрь 25, 2016 11:06

Душанбе, 25.11.2016/АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 26-27 ноябр дар Ашқобод конфронси байналмилалӣ оид ба шабакаи нақлиёти устувор баргузор мегардад. Дар кори он дар радифи намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ, ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Конфронси байналмилалӣ оид ба шабакаи нақлиёти устувор дар асоси Эъломияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мусоидат ҷиҳати ташкили долони бисёрсамтаи нақлиёт -ҳамл, таъмин ва тақвияти ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ оид ба намудҳои гуногуни нақлиёт, ки моҳи декабри соли 2015 дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи кулли СММ қабул гардида буд, гузаронида мешавад.
Интизор меравад, ки дар конфронси байналмилалӣ масъалаҳои муҳими марбут ба рушди шабакаи нақлиёт, назири нақлиёти устувор ва тағирёбии муҳити зист, энергетика ва нақлиёт, шабакаи нақлиёти шаҳрӣ ва нақлиёти роҳу коммуникатсионии байни шаҳрҳову деҳот, ҷалби сармоя ва маблағгузорӣ ба соҳаи нақлиёт, ҳамкории байналмилалӣ дар бахши нақлиёт ва асосҳои ҳуқуқии он, инчунин рушди бисёрсамтаи долонҳои нақлиётӣ, инфрасохтори он ва таъмини амнияти ҳаракат дар роҳҳо баррасӣ гарданд.
Дар назар аст, ки ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар радифи иштирок дар кори конфронси байналмилалӣ, дар маросими тантанавии ифтитоҳи навбати якуми роҳи оҳани байналмилалии Осиё ё долони нақлиётии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон Туркманистон, қитъаи Атамурод-Имомназар (Туркманистон)-Акина (Афғонистон) ва ифтитоҳи терминал оид ба қабул, нигоҳдошт ва боркашонии маҳсулоти нафтӣ дар нуқтаи гумрукии Имомназар ширкат намоянд.

Ноябрь 25, 2016 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад