Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои ширкат дар ҷаласаи байнидавлатии ИДМ ба Маскав рафт
Душанбе, 17.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини аввали раиси Кумита Рустам Шоҳиён ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи байнидавлатии Шӯрои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногении кишварҳои ИДМ ба Маскав сафар кард.
«Ширкаткунандагони ҷаласа фаъолияти Шӯроро дар солҳои 2015-2016 ва чораҳо дар мавриди такмили ҳамкорӣ, нақшаи санҷишҳои назоратии байниҳамдигарии кишварҳои узви ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, масъалаи интихоби раиси навро баррасӣ мекунанд»,-хабар доданд аз Кумитаи мазкур.
«Бо мақсади такмили заминаи шартномавиву ҳуқуқии ҳамкорӣ аъзои Шӯро масъалаи иҷрои Нақшаи барномаҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюм (солҳои 2016-2020)-и «Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020»- ро мавриди баҳс қарор медиҳанд»,-таъкид кард манбаъ.
Дар ҷаласа баррасии масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин ҳамкории наздисарҳадӣ дар доираи ИДМ оид ба пешгирӣ аз вазъи фавқулодаи наздисарҳадӣ низ дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






