Ҷаласаи гурӯҳи таҳлилгарон бо мақсади таҳияи «Стратегияи миллии идораи хатар аз офатҳо» баргузор гардид
Душанбе, 1.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳияи «Стратегияи миллии идораи хатар аз офатҳо» бар асоси тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатар дар давраи солҳои 2015-2030» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи байниидоравии гурӯҳи таҳлилгарон баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони вазоратҳо ва идораҳои кишвар, ҳамчунин кормандони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат карданд.
Дар ҷараёни ҷаласа ширкаткунандагон бо «Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатар дар давраи солҳои 2015-2030» ва ғояҳо барои «Стратегияи нави миллии амал дар солҳои 2017-2030» шинос карда шуданд.
Ҳамчунин иштирокдорон масъалаҳои таҳияи Стратегияи миллии дарозмуддат ва ба сифати зербарнома «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода»-ро баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






