«Амонатбонк» бахшида ба Рӯзи байналмилалии пасандозҳо Ҳафтаи ҷалби пасандозҳо доир намуд
Душанбе, 1.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Агар мехоҳед фардои дурахшон насиби кӯдакони Шумо бошад, пас аз амонати «Имконият», ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии пасандозҳо бо фоизҳои иловагӣ пешниҳод мегардад, истифода баред!» — таҳти чунин шиор аз ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» дар иртибот ба Рӯзи байналмилалии пасандозҳо, ки ҳамасола дар миқёси ҷаҳон 31-уми октябр таҷлил карда мешавад, аз 24-ум то 28-уми октябр дар чор филиали бонк, аз ҷумла дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷалолиддини Балхӣ Ҳафтаи ҷалби пасандозҳо гузаронида шуд.
Дар доираи ин ҳафта бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги амонатгузорӣ ва тақвияти боварию эътимод ба соҳаи бонкдорӣ, ҳамчунин дарсҳои маърифати молиявӣ барои аҳолӣ, бозиҳои гуногуни молиявӣ барои калонсолон, наврасон ва кӯдакон, озмуни расмҳои бачагона дар мавзӯъҳои «Оилаи ман ва «Амонатбонк», «Бонки дӯстдоштаи ман» ва «Аввал сарфа намо, баъд харидорӣ кун!» доир гардиданд.
Масъулони Гурӯҳи кории Бонк иброз намуданд, ки барои ҷалб кардани шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ танҳо гузаронидани семинарҳои маърифати молиявӣ ва хизматрасонии муосир метавонад боварии мардумро ба бонк бештар намояд.
Дар маконҳои муайянгардида ҳама шароит барои дар сатҳи баланд гузаронидани Ҳафта дар сатҳи зарурӣ омода карда шуда буд. Машваратчиён ва волонтерҳое, ки курсҳои махсуси кор бо мизоҷонро гузашта буданд, дар сатҳи муаяйн корҳои фаҳмондадиҳӣ ва қабули маблағҳо барои амонати «Имконият»-ро ба роҳ монда буданд.
Гӯшаи кӯдакон бо расмҳои гуногун оро дода шуда, нафарони зиёд мунтазири оғози семинари маърифати молиявӣ буданд.
Аз ҷараёни баргузории ин чорабиниҳо ҳамчунин намояндагони Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дидан карданд.











Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






