Анҷоми сохтмони бинои замонавӣ дар Ҷамоати Тусиёни ноҳияи Роштқалъа ба санаи таърихии халқи тоҷик-Конститутсияи Тоҷикистон рост омад

Ноябрь 5, 2016 13:14

Хоруғ, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бинои ҷамоати Тусиёни ноҳияи Рошқалъа дар аввали солҳои шастуми асри гузашта бунёд ёфт, ки ҳамагӣ аз се утоқи тангу торик иборат буд. Раиси ин ҷамоат Манзура Раҷаббекова гуфт, ки «ҳатто ҷой барои ҳифз ва нигаҳдории ҳуҷҷату санадҳо вуҷуд надошт. Дар рӯзи қабули шаҳрвандон маҷбур будем арзу шикояти шаҳрвандонро дар саҳни бино қабул намоем. Бинобар ин ду сол пеш ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ муроҷиат карда, барои беҳтар намудани шароити корамон хостори кумак шудем. Бо дастури Сарвари давлат худи ҳамон сол ба сохтмони ин бино шурӯъ карданд ва баъди ду сол онро ба анҷом расонданд. Бинои мазкур аз ду ошёна, 7 утоқи корӣ, даҳлези васеъ ва толори барои 200 ҷои нишаст иборат аст». Раиси ҷамоат изҳор намуд, ки «акнун мо барои баргузории ҷаласа, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинони ҷамоат имконияти хуб пайдо намудем. Дар ин ҷо ҳатто баъзе аз барномаҳои фарҳангиро низ доир кардан мумкин аст».
Ин биноро шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағгузорӣ намуд. Сардори шуъбаи мазкур Шероз Абдуллоев гуфт, ки «Тусиён яке аз ҷамоатҳои калонтарини на танҳо ноҳияи Роштқалъа, балки вилоят ба шумор меравад. Аз ин рӯ мо кӯшиш кардем, ки ҳам утоқҳои корӣ ва ҳам маҷлисгоҳ васеъ ва барҳаво бошанд».
Дар ифтитоҳи бинои нав раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ширкат дошта, изҳор намуд, ки «анҷоми сохтмон ба санаи муҳим ва таърихии халқи тоҷик- яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Маҳз ҳамин санади сарнавиштсоз қонунро дар кишвари мо ҳоким сохт ва фаъолияти кулли сохторҳои давлатиро ба танзим оварду ҳаёти мардуми кишварро ба роҳи осудаву ором ҳидоят намуд. Дар таҳия ва қабули ин бахтномаи миллат нақши фарзанди фарзонаи миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон беназир аст».
Раиси вилоят аз масъулини ҷамоат даъват кард, ки бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад, барои ҳамдеҳагони худ барномаи ҷолиби фарҳангию маърифатӣ баргузор намоянд.

Ноябрь 5, 2016 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд