Ҷашнвораи байналхалқии миллӣ-фарҳангии зебоӣ ва малоҳат- «Мисс Осиё» зебосанамони тоҷикро интизор аст

Ноябрь 3, 2016 10:25

miss-aziyaДушанбе, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи ҷавонони халқҳои Русия, Оҷонсии «East project» ва Иттифоқи халқҳои осиёии Русия зебосанамони тоҷикро барои иштирок дар Ҷашнвораи байналхалқии миллӣ-фарҳангии зебоӣ ва малоҳат «Мисс Осиё» даъват менамояд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Даври ниҳоии озмун- ҷашнвора 10 декабри соли равон дар толори консертии «Вегас Сити Холл» баргузор мегардад. Барои иштирок дар ҷашнвора зебосанамони халқҳои кишварҳои Осиё, ки шартҳои низомномаи ҷашнвораро қабул мекунанд, даъват карда мешаванд.
Иштирокчиён бояд фарҳанг, анъана ва зебоии миллати худро ҳамаҷониби муаррифӣ ва тарғиб карда, аз уҳдаи намоиши зебоии табиӣ, ташаккули зеҳнӣ ва эҷодӣ, муҳаббат ба халқ ва фаъолии шаҳрвандии худ баромада тавонанд.
Мақсад аз баргузории ҷашнвора таҳкими сулҳу дӯстии байни халқҳо, оммавӣ кардани фарҳанги мухталифи халқҳои гуногуни АвруОсиё, таҳкими робитаҳои байналмилалии ҷавонон, тарғиби симои зебо ва боназокату хуштарбияи бонувони Осиё мебошад.

Ноябрь 3, 2016 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст