Ашурбой Солеҳзода: «Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти комил аст»
Душанбе, 24.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Таҷлили бошукӯҳи рӯзи Парчами давлатӣ-ин эҳтирому арҷгузорӣ ба он, бозгӯи якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст»,- гуфт ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода зимни ҷамъомади тантанавӣ, ки имрӯз, 24 ноябр дар донишкада ба истиқболи ҷашни Парчами давлатӣ доир гардид.
«Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчам муаррифӣ мегардад. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб мешавад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад. Парчами давлатии мо инъикоскунандаи расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерую қуввати созандагӣ мебахшад»,-иброз дошт А.Солеҳзода.
Дар ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Парчам- нишони миллӣ» ва «Парчам- рамзи нангу номуси ватандорист» маърӯзаҳо шунида шуданд. Зикр гардид, ки дар гузашта ва то кунун дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар халқу миллат, пайроҳаи таърихии тайкардаи он ва аломатҳои истиқлолияти давлатӣ инъикос ёфтаанд.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






