Ба аҳолии Сарбанд, Ёвон, Данғара, Балхӣ, Панҷ ва Бохтар моҳияти қонунҳои ҶТ фаҳмонида шуд

Ноябрь 28, 2016 15:15

ХатлонҚӯрғонтеппа, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Ёвон, Данғара, Балхӣ, Панҷ ва Бохтар силсилавохӯриҳо бо аҳолӣ гузаронида шуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
«Мақсад аз баргузории вохӯриҳо- баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, паст кардани сатҳи бекоршавии ақди никоҳ. пешгирӣ намудани ҳама гуна хушунату зӯроварӣ дар оила, пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳу ҳизбҳои ифротгаро, иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мебошад»,-хабар дод манбаъ.

Ноябрь 28, 2016 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд