Ба хотири таъмин намудани рақобатпазирӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ бояд сатҳ ва сифати хизматрасониро баланд бардошт
Душанбе, 01.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Истиқлол» барои кормандони субъектҳои хоҷагидор, меҳмонхонаҳо, ошхона, осоишгоҳ ва дигар иншооти хизматрасон дар соҳаи туризм курси омӯзишӣ доир гардид.
«Раванди босуръати рушди муносибатҳои иқтисодӣ дар бозори сайёҳӣ моро водор менамояд, ки ба хотири таъмин намудани рақобатпазирӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир муаррифӣ кардани низоми кори сайёҳӣ дар Тоҷикистон сатҳ ва сифати хизматрасониро бояд баланд бардорем»,- гуфт Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва илова намуд, ки «мушкилоте, ки имрӯз дар соҳаи сайёҳӣ мавҷуд аст, ин пеш аз ҳама, набудани хизматрасонии муносиб ба шарикони ҳамкор, хусусан ба сайёҳон мебошад».
Ба гуфтаи Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳатто оддитарин гуфтору рафтори пешхизмат дар меҳмонхона ва ошхонаҳо дар ин маврид муҳим буда, зиёд шудани мизоҷон низ ба ин вобаста аст.
«Дар замони имрӯза хизматрасонӣ ва маркетинг ҳамрадиф буда, бо истифода аз унсурҳои муосири маркетингӣ мо метавонем намудҳои хизматрасониҳоро чанд моҳ пеш аз оғоз шудани мавсим ба фурӯш барорем»,- таъкид кард Аҳтам Абдуллозода.
Ёдрас менамоем, ки курси омӯзишӣ барои кормандони субъектҳои хоҷагидор, меҳмонхонаҳо, ошхона, осоишгоҳ ва дигар иншооти хизматрасон дар соҳаи туризм то 3 ноябри соли равон идома меёбад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






