Баррасии мушкилоти занони соҳибкор барои дастрасӣ ба манбаи молиявӣ

Ноябрь 10, 2016 16:59

Душанбе, 19.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши бонкҳо дар беҳтар намудани маблағгузории соҳибкории занон»- таҳти чунин унвон дар Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 10 ноябр машварат баргузор гардид.
Машварат бо мақсади ба роҳ мондани мубодилаи таҷриба, тақвияти ҳамкории байни ташкилотҳои қарзӣ ва созмонҳои занони соҳибкор, инчунин роҳандозии ҳамкорӣ дар байни онҳо, додани тавсияҳо роҷеъ ба беҳбудсозии маблағгузории занони соҳибкор ва афзоиши теъдоди занон дар низоми бонкӣ роҳандозӣ гардид.
Лола Салимова, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки дастгирии занони соҳибкор аз самтҳои рушди истеҳсолоти дохилӣ ба шумор рафта, Бонки миллии Тоҷикистон баҳри дастгирии занони соҳибкор, хусусан занони соҳибкори ноҳияи кӯҳистон, ба ташкилотҳои қарзӣ мунтазам тавсияҳо пешниҳод менамояд.
Тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли охир ба ҳисоби миёна тақрибан дар ҳаҷми 28,0 млрд. сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо гардидаанд, ки 7,0 млрд. сомонӣ ё 25 фоизи он ба занони соҳибкор рост меояд. Тибқи маълумоти оморӣ танҳо дар соли 2015 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба занони соҳибкор 1,3 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд.
«Занони соҳибкор ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи соҳибкорӣ дар амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсию иҷтимоии Ҳукумати ҶТ саҳмгузор буда, мусоидат ба густариши шабакаи ассотсиатсияҳои соҳибкории занон дар минтақаҳо, муттаҳид намудани занони соҳибкор, яъне ташкили иттиҳодияҳои тиҷоратӣ аз рӯи касбият, минтақа ва дигар аломатҳои зарурӣ, ки мақсад аз он таъмини муколамаи мунтазам ва табодули назар бо ҳамкорон мебошад, тасмими саривақтӣ ба ҳисоб меравад»,-илова намуд Л. Салимова.
Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» дар ҳалли масъалаҳои гундерӣ, дастгирии ташаббусҳои занони соҳибкор, баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо тавассути барномаҳои омӯзишӣ, ҳимояи ҳуқуқи занҳо ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ миёни занони соҳибкор саҳмгузор мебошад. «Дар давоми фаъолияти худ ассотсиатсияи мо беш аз 2300 занро ба соҳибкорӣ ҷалб намуда, ба 2680 нафар дарси асосҳои тиҷорат ва ба 840 нафар касбу ҳунар омӯзонидааст. Дар ин муддат ташкилот ба 1400 нафар қарзҳои хурд дода, ба 2500 нафар хизматрасонии гуногун пешниҳод намудааст. Дар маҷмӯъ, бо назардошти рақамҳои мазкур ва таҳияи 20 барномаи гуногуни иқтисодӣ барои мураббиён ва баргузории 163 чорабинӣ ассотсиатсия дар пешрафти зиндагии беш аз 36 000 занон ва аҳли оилаи онҳо нақши назаррас гузоштааст»,-гуфт раиси Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» Сабоҳат Раҳимзода.
Зимни машварат иштирокчиён масъалаи роҳҳои беҳтар намудани маблағгузорӣ ба занони соҳибкор, баланд бардоштани маърифати молиявии занони соҳибкор, роҳҳо ва имкониятҳои ҳамкорӣ миёни занони соҳаҳои бонкдорӣ ва соҳибкорӣ, мушкилоти занони соҳибкор барои дастрасӣ ба манбаи молиявӣ ва ғайраро баррасӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки машварат бо ташаббуси Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону», бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар он намояндагони ташкилотҳои молиявӣ, занони соҳибкор ва кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Ноябрь 10, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид