Баррасии татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Душанбе, 26.11.2016. /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа гузориши раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ислоҳоти гузаронидашуда дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор баррасӣ гардида, ҳамчунин таҳлил ва тавсияҳои мушовирони байналмилалии Бонки рушди Осиё ва Корпоратсияи байналмилалии молиявии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои банди 26 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 зикр гардида буданд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор” дар таҳрири нав таҳия карда шуд, ки он 25 декабри соли 2015, №1269 қабул ва аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шуд.
Дар асоси қонуни мазкур ва бо мақсади таъмини ҳамкорӣ, танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, № 331 Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таъсис гардид.
Шўро мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” таъмин менамояд.








Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд






