Баррасии вазъи коррупсия ва муқаррар намудани сатҳи он дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ
Душанбе, 29.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба баррасии натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ дар хусуси арзёбии вазъи коррупсия ва муқаррар намудани сатҳи он дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Чумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Шоқурбонов хабар дод.
«Дар қатори дигар хатарҳо, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ба давлатҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва билохира ба ҳар як узви ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад»,-зикр намуд муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод зимни ҷамъомад.
«Дар тадқиқоти сотсиологӣ доираи васеи сокинони кишвар ширкат варзида, фикру ақида ва мавқеи худро вобаста ба сатҳи коррупсия дар шохаҳои ҳокимият, сабабу омилҳои ба пайдоиши амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва роҳҳои паст кардани он баён намуданд,-иброз дошт сардори Раёсати дуюми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ.
Дар интиҳои ҷамъомад миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






