«Беҳтарин китобдор» ва «Беҳтарин китобхон»-и вилояти Хатлон муайян шуданд

Ноябрь 26, 2016 10:18

Қӯрғонтеппа, 26.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» дар бахши «Беҳтарин китобдор» аз вилояти Хатлон китобдори китобхонаи бачагонаи вилоятӣ Майдагул Хуҷамардова ва дар бахши «Беҳтарин китобхон» хонандаи Мактаби президентии ноҳияи Бохтар Аҳмад Шарифзода аз китобхонаи Ш. Шоҳин сазовори ҷойҳои сеюм гардида, бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Фестивал- озмун қадрдонӣ гардиданд.

Дар ин бора директори китобхонаи видоятии ба  номи Шамсиддини  Шоҳин Тӯтинисо Юсупова  иттилоъ  дод.

«Мақсади асосии озмун ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин баланд бардоштани рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва зебоиписандӣ миёни ҷавонон мебошад»,- иброз дошт Тутиниссо  Юсупова.

 

 

Ноябрь 26, 2016 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид