«Беҳтарин китобдор» ва «Беҳтарин китобхон»-и вилояти Хатлон муайян шуданд
Қӯрғонтеппа, 26.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» дар бахши «Беҳтарин китобдор» аз вилояти Хатлон китобдори китобхонаи бачагонаи вилоятӣ Майдагул Хуҷамардова ва дар бахши «Беҳтарин китобхон» хонандаи Мактаби президентии ноҳияи Бохтар Аҳмад Шарифзода аз китобхонаи Ш. Шоҳин сазовори ҷойҳои сеюм гардида, бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Фестивал- озмун қадрдонӣ гардиданд.
Дар ин бора директори китобхонаи видоятии ба номи Шамсиддини Шоҳин Тӯтинисо Юсупова иттилоъ дод.
«Мақсади асосии озмун ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин баланд бардоштани рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва зебоиписандӣ миёни ҷавонон мебошад»,- иброз дошт Тутиниссо Юсупова.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






