Боздиди намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон аз Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2016 10:23

nazarzoda-rizoДушанбе, 03.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 1-уми ноябри соли равон зиёда аз 20 намояндаи ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии кишвари мо ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ иброз дошт, ки: «кӯшиш мекунем имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро хуб муаррифӣ кунем ва бовар дорам, ки баъд аз бозгашт шумо дар бораи зебоиҳои Тоҷикистон ба ҳамватанони худ қисса хоҳед кард».
Гуфта шуд, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми тадбиқкунандаи сиёсати давлатии соҳаи туризм ба густариш ва таҳкими муносибатҳо дар соҳаи туризм байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳавасманд буда, ба дурнамои шиносоӣ бо таъриху фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои ҳар ду кишвар аҳамияти хоса медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар 9 моҳи соли равон аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон 665 нафар сайёҳ ташриф овардаанд.

Ноябрь 3, 2016 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст