Буҷети давлатӣ дар зарфи нуҳ моҳи соли равон 97 фоиз иҷро гардид

Ноябрь 3, 2016 16:37

Душанбе, 03.11.2016/АМИТ «Ховар»/. «Афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ дар кишвар дар зарфи нуҳ моҳи соли равон 6,7 фоизро ташкил намуд, ки он ба 37,9 млрд. сомонӣ баробар гардид. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 млрд. сомонӣ зиёд аст». Матлаби мазкур 3 ноябр зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки марбут ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дар 9 моҳи соли 2016 буд, баён гардид. Муҳокимаи парлумонӣ таҳти раёсати Абдуҷаббор Азизӣ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо ҳузури блоки иқтисодии кишвар ва вакилони Парлумон доир гардид.
parlumonТаъкид шуд, ки дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 16 фоиз, кишоварзӣ 6,8 фоиз, гардиши савдои чакана зиёда аз 7 фоиз ва сохтмон 22 фоиз афзоиш ёфтаанд. Бо дахли таъсири буҳрони молиявӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт зикр шуд, ки идомаи вазъи ногувори иқтисодиёти кишварҳои шарики иқтисодии Тоҷикистон, бахусус Русия, боиси коҳиши интиқоли маблағҳо ва гардиши савдои хориҷӣ гардида, ба иҷрои Буҷети давлатӣ таъсири манфӣ расонид. Дар натиҷа, иҷрои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли равон 97 фоиз ва ҳаҷми он 12567,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба нақша 387,6 млн. сомонӣ кам мебошад. Дар ин давра мақомоти андоз нақшаи даромади буҷетро 99,6 фоиз таъмин намуда, ба он 6164,4 миллион сомонӣ ворид намуд, ки ин нисбат ба нақша 24,7 миллион сомонӣ кам мебошад. Аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 2683,9 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин 87,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба нақша беш аз 378 миллион сомонӣ кам аст.
Дар фарҷоми муҳокимаи парлумонӣ вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаи баррасигардида бо назардошти таклифу пешниҳод ва эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо зикр гардиданд, қарор ва тавсияҳо қабул карданд.

Ноябрь 3, 2016 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд