Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсия мусобиқаи гӯштини тарзи самбо доир гардид
Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба Рӯзи милитсия дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба гӯштини тарзи самбо байни Сарраёсат, Хадамот, Раёсат, шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказии ВКД ва РВКД дар шаҳри Душанбе доир карда шуд. Дар он 9 даста ва беш аз 100 варзишгар иштирок намуданд.
Тавре масъулин хабар доданд, гӯштингирон дар 8 вазн бо ҳам рақобат намуда, қувваи бозуи худро санҷиданд. Мусобиқаи шахсӣ-даставӣ бо ҷалби доварони соҳибтаҷриба дар сатҳи баланд доир гардида, дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ҷои аввал, дастаи Академияи ВКД ҷои дуюм ва Дастаи таъйиноти махсуси милитсия сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳадафи мусобиқаи мазкурро масъулин, пеш аз ҳама, тарғиби ҳаёти солим, рушду нумӯи варзиш ва таҳкими дӯстию рафоқат миёни кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






