Дар Душанбе машваратҳои байниидоравии сиёсӣ миёни Тоҷикистону Русия баргузор гардиданд
Душанбе, 9.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Котиби давлатӣ – муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Григорий Карасинро, ки ҷиҳати иштирок дар машваратҳои байниидоравии сиёсӣ миёни Тоҷикистону Русия ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо қаноатмандӣ таъкид карда, роҷеъ ба дурнамои самтҳои ҳамкории мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.
Баъд аз мулоқот машваратҳои сиёсӣ оид ба мавзӯи дурнамои ҳамкории дуҷониба ва вазъ дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод роҳбарӣ кард.









Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






