Дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе Рӯзи Президентро таҷлил карданд
Душанбе, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Рустам Ёрбобоев, мудири китобхонаи илмии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе гуфт, ки: «саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳ, пешрафти мамлакат ва шинохти миллӣ бузург аст. Имрӯз ҷавононро лозим аст, ки аз баргузории ин гуна ҷамъомадҳо истифода баранд ва дониши худро доир ба корнамоиҳои Сарвари кишвар зиёд намоянд».
«Устодону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов доир ба зиндагинома ва хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуда, саҳми Президенти кишварро дар самти ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва пойдор нигоҳ доштани сулҳ назаррас арзёбӣ намуданд»,-хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба иттилои манбаъ, имрӯз зиёда аз 300 нафар донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе аз осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо толори туҳфаҳои Президент ва асарҳои рассомоне, ки ба мавзӯи Рӯзи Президент бахшида шудаанд, аз наздик шинос мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






