Дар кишвар базаи ягонаи маълумоти идентификатории телефонҳои мобилӣ таъсис дода мешавад
Душанбе, 08.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҷумҳурӣ низоми давлатии бақайдгирии телефонҳои мобилиро ҷорӣ намуда, базаи ягонаи маълумоти идентификатории телефонҳои мобилиро таъсис диҳад. Дар робита ба ин 2 ноябр Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуд. Адолат Абдураҳмонзода, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкурро дар самти ошкор кардани қонуншиканиҳо ва ҷинояткорон, аз байн бурдани дуздии телефонҳои мобилӣ, ҷилавгирӣ аз хариду фурӯши телефонҳои пастсифати мобилӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: «Ба кишварамон телефонҳои мобилии пастсифати ба саломатии шаҳрвандон зараровар ворид карда шуда, мавриди хариду фурӯш ва истифода қарор мегиранд, ки маълумоти идентификатории онҳо якхела ва ё такроршавандаанд. Якхела ва такроршаванда будани маълумоти идентификатории телефонҳои мобилӣ барои идентификатсияи гумонбар ҳангоми содир шудани ҷиоят мушкилӣ пеш оварда, мақомоти тафтишотро ба дигар тараф бурда, ба поймолшавии ҳуқуқҳои шаҳрвандоне, ки тамоман ба содиршавии ҷиноят рабт надоранд, оварда мерасонад».
Адолат Абдураҳмонзода афзуд, ки ҳангоми ҷорӣ намудани низоми давлатии бақайдгирии телефонҳои мобилӣ ва таъсиси базаи ягонаи маълумоти идентификатории телефонҳои мобилӣ, хариду фурӯш ва истифодаи телефонҳои пастсифат дар кишвар пешгирӣ шуда, маълумоти низоми давлатӣ барои ошкор кардани қонуншиканиҳо ва ҷинояткорон мусоидат менамояд.








ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд






