Дар мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Хаҷиме Китаока масоили вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуданд
Душанбе, 17.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии ҶТ вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хаҷиме Китаока доир шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Ҷонибҳо зимни мулоқот атрофи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, ҳамчунин омода намудани кадрҳои баландихтисос, расонидани кумак вобаста ба таҷҳизоти тиббӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози андеша намуданд»,-мегӯяд манбаъ.
Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хаҷиме Китаока зикр кард, ки амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлати Ҷопон бисёр муҳим мебошад.
«Давлати Ҷопон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамкории хуб ба роҳ монда, умедвор аст, ки ин ҳамкорӣ боз ҳам равнақу ривоҷ хоҳанд ёфт»,-гуфт сафир.
Дар мулоқот зикр шуд, ки минбаъд равобити дуҷониба дар самти мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир тақвият меёбанд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






