Дар Муъминобод ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон доир гардид
Муъминобод, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мактаби таҳсилоти умумии № 6-и деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳияи Муъминобод баргузор гардид.
Мақсади шӯрои мазкур аз расонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ иборат буд.
Дар ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, бахшҳои ҳокимияти давлатии ноҳия, дар маҷмӯъ 300 нафар иштирок намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар 9 моҳи соли равон варзишгарони ноҳияи Муъминобод дар аксар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд ва бо медалҳои тилло, биринҷӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






