Дар ноҳияи Лахш бахшида ба Рӯзи Президент байни наврасон мусобиқаи футбол доир гардид

Ноябрь 16, 2016 10:37

Лахш, 16.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президент дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Лахш мусобиқаи футбол баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур даҳ дастаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии ноҳия иштирок намуда, ғолибон сазовори туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Лахш гардиданд. Дар ин бора мудири бахши ҷавонони ноҳия Усмоналӣ Сафаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшида ба Рӯзи Президент тибқи нақша дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таҳияи барномаҳои фарҳангию театрӣ, дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла китобҳои тозанашри «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забон — ҳастии миллат» дар назар аст.
Инчунин дар муассисаҳои томактабӣ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» доир мегардад.

Ноябрь 16, 2016 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид