Дар ноҳияи Лахш барои давраи зимистон 21 ҳазору 565 тонна ангишт зарур аст
Лахш, 15.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 ва захираи маводи зарурӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд. Тавре масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд: «Дар давраи зимистони солҳои 2016-2017 барои гармидиҳӣ аз буҷети ноҳия 977 ҳазору 699 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 615 ҳазору 002 сомонӣ барои соҳаи маориф, 235 ҳазору 008 сомонӣ барои соҳаи тандурустӣ ва 71 ҳазору 705 сомонӣ барои соҳаи фарҳанг, маблағҳои боқимонда барои дигар ташкилоту муассисаҳо ба нақша гирифта шудааст».
Дар маҷмӯъ, барои давраи зимистони солҳои 2016- 2017 захира кардани 21 ҳазору 565 тонна ангишт барои таъмини ҳамаи соҳаҳо ва аҳолии ноҳия зарур мебошад.
«Шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш дар 61 муассисаи таълимӣ ва 5 муассисаи томактабӣ барои зимистонгузаронӣ 186 м2 шишабандиро иҷро намуда, 361 м3 ҳезуми хушк ва 469 тонна ангишт захира намудааст, ки сад фоизи нақшаро нишон медиҳад. Инчунин то имрӯз беморхонаи марказӣ 76 тонна ангишт, маркази саломатӣ 59 тонна, шуъбаи фарҳанг 63 тонна ангишт захира намудаанд»,-хабар медиҳад манбаъ.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






